Дар Маркази дархости раводид кадом амалҳо сурат мегиранд

Дар Маркази дархости раводид кадом амалҳо сурат мегиранд

Дар рӯзи мулоқоти шумо:

  • Кӯшиш кунед, ки 15 дақиқа пеш аз мулоқоти худ ҳозир шавед.

  • умо бояд барои дархости раводиди худ дар мулоқот ҳузур дошта бошед. Шумо наметавонед ба ҷои худ ягон шахси дигарро фиристед.

  • Танҳо дархостдиҳандагон, шахсони парастор ва онҳое, ки кӯдакони то 18 соларо ҳамроҳӣ мекунанд, барои ворид шудан ба Маркази дархости раводид иҷозат дода мешаванд.

  • Нусхаи чопшудаи дархости худ барои дарёфти раводид ва шиноснома ё ҳуҷҷати сафарии дорои эътибор, ки ҳадди ақал 2 саҳифаи аз ҳар ду тараф холӣ дорад, бо худ биёред.

  • Агар шумо барои дарёфти раводид тариқи онлайн дархост пешниҳод карда бошед, баъд аз гирифтани мактуби дастурамали биометрӣ (Biometric Instruction Letter – BIL), нусхаи чопшудаи мактуби дастурамали биометрӣ (BIL), ризоиятнома ва шиноснома ё ҳуҷҷати сафарии дорои эътибор, ки ҳадди ақал 2 саҳифаи аз ҳар ду тараф холӣ дорад, бо худ биёред.

  • Ҳамаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро (ҳуҷҷатҳои асл ва нусхаҳояшро) бо худ биёред.

  • Агар шумо барои дарёфти раводид аз номи кӯдакони то панҷсола дархост пешниҳод карда бошед, онҳо низ бояд дар мулоқот ҳузур дошта бошанд, вале набояд маълумоти нақши ангушти худро диҳанд.

  • Кӯдакони то 18 соларо бояд калонсоле ҳамроҳӣ кунад ва чунин шахс ин наметавонад корманди VFS Global бошад.

биометрӣ

Аз 02 ноябри соли 2019 эътибор дошта, таъйини мулоқоти пешакӣ барои сабти маълумоти биометрӣ дар Маркази дархост барои раводиди Канада дар Тоҷикистон ҳатмист.

Барои фаҳмидан, ки оё ба шумо додани маълумоти биометрӣ зарур аст, лутфан боздид кунед аз http://www.cic.gc.ca/english/visit/biometrics.asp.

Ҳамчун як қисми ҷараёни сабти маълумоти биометрӣ:

  • Нақшаи ангуштҳо ва тарҳи рӯи шумо скан карда хоҳад шуд.

  • Сканнери рақамии изи ангуштҳо тасвири ҳамаи 10 ангуштро аксбардорӣ хоҳад кард ва ҳамзамон, акси рақамӣ низ гирифта хоҳад шуд. Ин ҷараёни бетаъхир, ноаён ва ғайримудохилаомез аст.

  • Акси рақамии шумо бояд тамоми тарҳи рӯи шуморо нишон диҳад. Шумо наметавонед айнакҳои муҳофизаткунанда аз офтоб, айнакҳои сиёҳшиша ё рӯймол пӯшед, агар онҳо бо мақсадҳои мазҳабӣ ё ахлоқӣ пӯшида нашаванд.

  • Агар дар ангуштҳои шумо захмҳои муваққатӣ вуҷуд дошта бошанд, ба шумо тавсия дода мешавад, ки то шифо ёфтани захмҳо мунтазир шавед.

  • Боварӣ ҳосил кунед, ки нӯгҳои ангуштони шумо аз ҳар гуна шаклҳои ороишоти муваққатии бадан, мисли менди, озоданд, чунки ин ба кори сканнер халал мерасонад.

  • Агар шумо ба раводиди резиденти муваққатӣ, иҷозатномаи таҳсил ва кор дархост пешниҳод карданӣ бошед, шумо бояд маълумоти биометриро як маротиба тӯли ҳар 10 сол пешниҳод намоед.

  • Вале, агар шумо ба сукунати доимӣ дархост пешниҳод карданӣ бошед, шумо бояд маълумоти биометрии худро бо ҳар як дархостатон пешниҳод намоед.Агар шумо ба раводиди резиденти муваққатӣ, иҷозатномаи таҳсил ё кор дар гузашта дархост пешниҳод карда бошед ва боварӣ надошта бошед, ки оё аллакай маълумоти биометрии худро пешниҳод кардаед ё не, лутфан ба  вебсафҳаи Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада муроҷиат кунед ва дарёбед, ки оё маълумоти биометрии шумо ҳанӯз эътибор дорад.

Тартиби муоина

IБа манфиати амният ва бехатарӣ, мо ҳуқуқеро ҳифз хоҳем кард, ки сумкаҳои дархостдиҳандагон ва меҳмононро ба таври интихобӣ аз назар гузаронем.

Кормандони мо ҳуқуқ доранд бе тарс аз сӯиистеъмол ё тарсдиҳӣ кор кунанд. Суханон ё рафтори таҳдидкунанда ё таҳқиромез нисбат ба кормандони мо дар ҳеҷ сурат таҳаммул нахоҳад шуд.