Пардохти ҳаққи хидматрасонӣ
Пардохти ҳаққи хидматрасонӣ
Рӯйхати нави нархҳои хизматрасонӣ аз 01 Май 2026 ба иҷро даромад.
Агар аз шумо сабти маълумоти биометрӣ талаб карда шавад, ҳамчун қисми дархости худ ба IRCC, шумо бояд барои пешниҳоди малъумоти биометрия ба Ҳукумати Канада маблағи муайян пардохт намоед. Пардохти маблағи биометрия дар бар мегирад:
Ҷамъоварӣ изи ангуштон ва акси рақамии шумо дар Маркази дархости раводид (VAC)
Интиқоли ҳуҷҷатҳои шумо, мисли шиноснома, байни IRCC ва Маркази дархости рародид (VAC), ки дар он ҷо биометрияи худро супурдаед
Ин маъно дорад, ки агар шумо маъломоти биометрияи худро дар VAC супоред, шумо инчунин як хидмати интиқоли бастаро мегиред. Ин хидмат фаро мегирад ирсоли ҳуҷҷатҳои шумо аз Маркази дархости рародид (VAC), ки дар он ҷо биометрия супурдаед, ба IRCC ва, вақте ки IRCC дар бораи дархости шумо қарор қабул мекунад, боз ба VAC.
Баъзе истисноҳо вуҷуд доранд. Ба диққат хонед, то фаҳмед, ки оё инҳо ба шумо дахл доранд:
Агар шумо аллакай як хидмати интиқоли бастаро истифода карда бошед, барои ирсоли ҳуҷҷатҳои иловагӣ ба IRCC шумо бояд барои хидмати интиқоли баста пардохт кунед.
Агар шумо сабти маълумоти биометрияатонро дар як маркази дархости раводид супурда бошед ва ҳуҷҷатҳои худро дар маркази дигар пешниҳод кунед, шумо бояд барои хидмати интиқоли баста (Package Transmission service fee) пардохт кунед. Пардохти хидмат танҳо дар ҳолатҳое бекор карда мешавад, ки ҳуҷҷатҳои худро дар ҳамон маркази раводид пешниҳод кунед, ки дар он ҷо сабти маълумоти биометрияи шумо қабул шуда буд.
Агар шумо сабти маълумоти биометрӣ озод бошед, шумо бояд барои хидмати интиқоли баста (Package Transmission service fee) барои ирсоли ҳуҷҷатҳои худ ба IRCC тавассути Маркази дархости раводид пардохт кунед
Раводидҳои транзитӣ
Агар шумо тавассути Канада ба кишвари дигар сафар кунед, ба шумо лозим меояд, ки барои раводиди транзитӣ муроҷиат кунед ва сабти маълумоти биометрии худро пешниҳод кунед. Аммо, ба шумо шарт нест, ки ҳаққи биометрии ҳукумати Канадаро пардохт кунед. Азбаски шумо ҳаққи биометриро пардохт намекунед, шумо бояд ҳаққи хидматрасонии интиқоли бастаро пардохт кунед, то ҳуҷҷатҳои худро ба IRCC тавассути Маркази дархости раводид фиристед.
Агар шумо ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар кунед, шояд ба шумо раводиди транзитӣ Канада лозим набошад. Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи раводиди транзитӣ ва кӣ бояд барои гирифтани раводид муроҷиат кунад: IRCC - Транзит тавассути Канада.
Пешниҳоди дархости коғазӣ ба IRCC тавассути Маркази дархости раводид:
IRCC танҳо дархостҳои онлайнро барои аксари барномаҳои муҳоҷират қабул мекунад, аммо баъзе истисноҳо вуҷуд доранд. Дар баъзе ҳолатҳо, шумо ҳатто метавонед ба IRCC тавассути Маркази дархости раводид/VAC дархости коғазӣ (бо ё бе сабти маълумоти биометрия) пешниҳод кунед. Пешниҳоди дархости коғазӣ тавассути VAC пардохти ҳаққи Хидматрасонии кӯмаки -Дархости коғазиро талаб мекунад.
Усулҳои пардохт
Барои аризаи IRCC ва сабти маълумоти биометрияи шумо
Маблағи ҳукумати Канада барои дархости шумо метавонад танҳо тавассути вебсаҳфаи IRCC онлайн пардохт карда шавад. Дар ин ҷо бифаҳмед, ки чӣ гуна ин пардохтҳоро бояд пардохт кард: IRCC - Чӣ тавр пардохт бояд кард
Эзоҳ: Шумо наметавонед қисман ё пурра баргардонидани пардохтҳои Ҳукумати Канадаро дар Маркази дархости раводид /VAC гиред. Баргардонидани маблағро танҳо тавассути боздид аз IRCC ва пешниҳоди дархости баргардонидан дархост кардан мумкин аст. Дар ин ҷо маълумоти бештар гиред: IRCC - Баргардонидани маблағро талаб намоед
Барои хидматҳои VAC:
Пардохт тавассути бонки маҳаллии ҶСП «Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон»
Тавассути почта – маблағро бо интиқоли бонкӣ ба суратҳисоби ҶСП «Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон»ва бо доллари амрикоӣ метавон пардохт кард.
Тафсилот барои интиқоли бонкӣ дар зер оварда шудааст: Қабулкунандаи пардохт: Созмони Байналмилалии Муҳоҷират,
Рақами суратҳисоб: 20214840318210000614,
Бонки қабулкунанда: ҶСП «Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе
Нишонии бонк: кӯчаи Пушкин 10, шаҳри Душанбе, Тоҷикистон
Барои ҳар гуна бозпас пардохтани маблағҳое, ки ба Ҳукумати Канада пардохт шудаанд, лутфан барои дархост намудани бозпас пардохтани маблағ аз Ҳукумати Канада ин ҷо нохун занед.
Пардохти ҳаққи хидматрасониҳое, ки дар Маркази дархости раводид пешниҳод мешаванд:
| Нархномаи хидматрасонӣ (барои як дархостдиҳанда) | Маблағ бо доллари Канада (бо шумули ААИ) | Маблағ бо доллари амрикоӣ (бо шумули ААИ) |
|---|---|---|
Нусхабардорӣ | $0.28 | 0.21 |
Чоп | $0.62 | 0.46 |
SMS | $3.00 | 2.25 |
Пардохти ҳаққи хидматрасониҳое, ки дар Маркази дархости раводид пешниҳод мешаванд:
| Нархномаи хидматрасонӣ (барои як дархостдиҳанда) | Маблағ бо доллари Канада (бо шумули ААИ) | Маблағ бо доллари амрикоӣ (бо шумули ААИ) |
|---|---|---|
| Интиқоли бастаи дархост (барои як баста) | $143.29 | 107.47 |
| Хидматрасонии кумак – варақаҳои онлайнӣ (барои як варақа) | $3.00 | 2.25 |
| Хидматрасонии кумак – дархостҳои коғазӣ (барои як дархост) | $24.74 | 18.56 |
| Хидматрасонии кумак – сканнинг (барои як саҳифа) | $2.44 | 1.83 |
| Компютери худхидматрасон (барои як соат) | $19.89 | 14.92 |
| Фотонусхабардорӣ (барои як саҳифа) | $0.28 | 0.21 |
| Чоп (барои як саҳифа) | $0.62 | 0.46 |
| Хидматрасонии ирсоли паёмак (SMS) (барои як дархостдиҳанда) | $3.00 | 2.25 |
*Маблағи ҳаққи хидматрасониҳо ҳамаи андозҳои татбиқпазири маҳаллиро дар бар мегирад ва мутобиқи огоҳиномаи ҳукумат тағйирпазир аст.
**Қурби мубодилаи доллари Канадаро Ҳукумати Канада муайян менамояд.
Хароҷотҳои ҳар баста барои интиқоли бастаҳо ва хидмати курерии яктарафа дар маблағе, ки барои "як шиносномаи инфиродӣ" пардохт мешаванд инъикос ефтаанд.
Рӯйхати нави нархҳои хизматрасонӣ аз 01 Май 2026 ба иҷро даромад.
Ҳама хароҷотҳо, аз ҷумла пардохтҳои Марказ, баргардонида намешаванд.
Рӯзи пешниҳод барои дархостҳое, ки тавассути почта ирсол шудаанд, рӯзе хоҳад буд, ки Маркази дархости раводид дархостро қабул менамояд. Агар дархости тавассути почта ирсолшуда қабул шуда бошад ва пардохти дурусти ҳаққи кунунии хидматрасониҳоро дар бар нагиред, бо дархостдиҳанда барои пардохт намудани фарқият тамос гирифта хоҳад шуд ё дархост ба дархостдиҳанда баргардонида хоҳад шуд.
Компютери худхидматрасон дар Маркази дархости раводид:
Агар дар Маркази дархости раводид якчанд довталабон бошанд, шумо бояд интизор шавед, ки компютери худхидматрасон Маркази дархости раводид-ро (VAC) истифода баред. Вақтҳои интизорӣ фарқ мекунанд.
Агар шумо ният доред, ки аз компютери худхидматрасон истифода баред, лутфан як диски флешии USB-и ба ҳамроҳ биоред ва пас аз истифода аз мизи корӣ онро бо худ баред. Маркази дархости раводид кӯшиш мекунад, ки ба шумо огоҳӣ диҳад, агар шумо тасодуфан диски флешатонро (USB) дар компютери худхидматрасон фаромӯш кунед, ва ҳар гуна дастгоҳҳое, ки дар давоми 48 соат бе даъват боқӣ мемонанд, нобуд карда мешаванд.